Гулов Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич 1-уми январи соли 1966 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1989 факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм карда, солҳои 1989-1993 ба ҳайси табиб-ҷарроҳ дар Беморхонаи вилоятии ш. Кӯлоб ифои вазифа намудааст. Солҳои 1993-1995 дар кафедраи ҷарроҳии умумии № 1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ординатураи клиникиро гузаштааст. Соли 1995 ба вазифаи ассистенти кафедраи мазкур интихоб шуда, аз соли 2003 дотсент ва аз соли 2007 профессори ҳамин кафедра мебошад. Мавсуф солҳои 2005-2009 дар вазифаи декани факултети муолиҷавӣ, солҳои 2009-2016 дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва нашрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва аз соли 2016 то имрӯз дар вазифаи ректори Донишгоҳи мазкур фаъолият менамояд. Доираи фаъолияти илмии профессор Гулов Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич хеле фарох буда, ҷарроҳии абдоминалӣ, эндокринӣ ва колоректалиро дарбар мегирад. Номбурда масоили ташхис, пешгирӣ ва табобати оризаҳои барвақти ҷарроҳии резексияи меъдаро аз хусуси решҳои «душвори» дуоденалӣ мавриди омӯзиши амиқ қарор додааст. Ҳамчунин, профессор Гулов Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич таснифи нави оризаҳои эхинококкози ҷигарро пешниҳод намуда, механизмҳои нави муайян кардани омилҳои инкишофи ногузариши шадиди часпидагии рӯдаи борик ва норасоии ҷигарро ҳангоми зардпарвини механикӣ ва заҳролудшавии порталии эндогенӣ ҳангоми фарбеҳии эксприменталӣ муайян кардааст. Мавсуф равишҳои навро ҳангоми табобати ҷарроҳии эхинококкози ҷигар ва оризаҳои он, парапроктити шадиди ретроректалӣ, бемории санги талхадон, роҳи эпителиалии думғозаро таҳия ва татбиқ намудааст. Профессор Гулов Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич таблиғотчии усулҳои навини ҷарроҳии сарфаҷуӣ ҳангоми бемориҳои ғадуди сипаршакл, реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ва аворизи онҳо, ногузариши шадиди рӯдаҳо ва эхинококкози ҷигар мебошад. Дастоварди дигари илмӣ-амалии профессор Гулов Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич, ин иштироки фаъолонаи вай дар татбиқи трансплантатсияи гурдаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ӯ дар ҳақиқат, яке аз поягузорон ва мутахассисони маъруф дар ин соҳа ба шумор меравад. Профессор Гулов Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷамъияти россиягии трансплантологҳо, Ҷамъияти россиягии ҷарроҳони колоректалӣ мебошад. Номбурда сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Сино», узви ҳайати таҳририя ва шӯрои таҳририяи маҷаллаи тиббӣ-фарматсевтии «Пулс», маҷаллаҳои «Паёми тиббии Академияи миллии илмии Тоҷикистон» ва «Паёми россиягии тиббӣ-биологии ба номи академик И.П. Павлов» мебошад. Профессор Гулов Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич муаллифи зиёда аз 300 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 10 ихтироот, 55 пешниҳоди ратсионализаторӣ, 8 монография ва воситаҳои таълимӣ буда, таҳти роҳбарии ӯ 15 рисолаи илмӣ ҳимоя шудааст. Барои хизматҳои шоён дар таҳия ва татбиқи усулҳои нави амалиёти ҷарроҳӣ дар узвҳои ковокии шикам ва трансплантатсияи гурдаҳо, ташкил ва рушди ҷарроҳии абдоминалӣ ва эндоскопӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, коркарди маводи доругӣ дар асоси ашёи хоми Тоҷикистон соли 2018 профессор Гулов Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич б унвони «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон», соли 2020 бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва дар соли 2021 бо Ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.