Диданд: 4048

ҚОИДАҲОИ НАВИШТАНИ МАҚОЛАҲО ДАР МАҶАЛЛА

«Қоидаҳои …» мазкур дар асоси «Талаботи ягонаи дастнависҳои ба маҷаллаҳои биотиббӣ пешниҳодшаванда»-и Кумитаи байналмилалии муҳаррирони маҷаллаҳои тиббӣ таҳиякарда (www.ICMJE.org), тартиб дода шудааст.

Тайёр кардани дастнавис

  1. Дастнависи мақола бояд бо забонҳои русӣ ё англисӣ ва дар компютер бо истифодаи барномаи MS Word 2007 (гарнитураи Times New Roman, андозаи ҳуруф – 14, фосила – 2,0) ҳуруфчинӣ шуда, дар 2 нусхаи чопии як тарафи қоғази формати А4 бо нусхаи ҳатмии электронии мақола пешниҳод карда шавад. Андозаҳои  ҳоштяҳо: аз боло – 2,0 см; аз поён  – 2,0 см; аз чап – 3,0 см; аз рост – 2 см. Тамоми саҳифаҳо, оғоз аз саҳифаи унвон, бояд пайи ҳам рақамгузорӣ карда шаванд.
  2. Ҳаҷми мақолаи комили аслӣ, аз ҷумла фаслҳои дар пункти 3 зикршуда, бояд 20 – 30 саҳифа; мақолаи шарҳӣ (обзорӣ) – на зиёда аз 40 саҳифа; мақолаи ба  тавсифи муоинаҳои клиникӣ бахшидашуда – на зиёда аз 15 саҳифа; шарҳи маводи конференсияҳо – на зиёда аз 10 саҳифаро ташкил диҳад.
  3. Дастнависи мақола бояд аз ҷузъҳои зерин иборат бошад: варақи унвон; аннотатсия (резюме); ном, номи падар ва насаби муаллиф (муаллифон); номи мақола; муқаддима (муҳиммият); мақсади таҳқиқот; қисми асосӣ; хулосаҳо (хотима) ва рӯйхати  адабиёт.  Қисми асосии мақолаи аслӣ бояд аз фаслҳои «Мавод ва усулҳо», «Натиҷаҳо» ва «Баррасӣ» иборат бошад.
  4. Дар саҳифаи унвон маълумоти зерин дода мешавад: номи пурраи  мақола; ном, номи падар ва насаби муаллиф (муаллифон); номи расмӣ ва макон (шаҳр, мамлакат)-и муассиса (муассисаҳо)-е, ки  таҳқиқот дар он ҷо гузаронда шудааст; барои унвони саҳифа – номи варианти ихтисоршудаи мақола (на зиёда аз 50 аломат, аз ҷумла фосилаҳо ва аломатҳои китбатӣ; калимаҳои калидӣ (на зиёда аз 6 калима), маълумот оид ба муаллифон. Дар ҳамин ҷо пешниҳод кардани  маълумот доир ба сарчашмаҳои  дастгирии сармоягузорӣ дар намуди грантҳо, таҷҳизот, маводи доруӣ; баён кардани  мавҷуд набудани ихтилофи манфиатҳо; қайд кардани шумораи саҳифаҳо, ҷадвалҳо ва расмҳо, инчунин – суроға барои корреспонденсия (мукотиба) (намунаи тартиб додани саҳифаи уновонро дар сомонаи маҷалла  ниг.) зарур мебошад.
  5. Номи мақола бояд мухтасар, иттилоънок буда, мундариҷаи онро дақиқ муайян намояд. Калимаҳои калидиро мутобиқи  рӯйхати  Medical Subject Heading (Қисмҳои тиббии фаннӣ)-и дар Index Medicus қабулшуда интихоб кардан мебояд.
  6. Дар маълумот доир ба муаллиф (муаллифон) ному насаб ва номи падари муаллиф (муаллифон), дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ, вазифаҳо, ҷойи кор (номи муассиса ва зерсохторҳои он) қайд карда мешаванд. Дар суроғаи мукотибот – индекси почта ва суроға, ҷойи кор, рақамҳои телефон ва нишонии электронии муаллифе, ки бо ӯ мукотибаи таҳрирӣ амалӣ карда мешавад, қайд кардан лозим аст. Суроға барои корреспонденсия якҷоя бо  мақола нашр мешавад.
  7. Дар аннотатсия (резюме)-и мақолаи аслии илмӣ ҳатман фаслҳои  «Мақсад», «Мавод ва усулҳо», «Натиҷаҳо» ва «Хулоса»-ро ҷудо кардан лозим аст. Аннотатсия ба забонҳои русӣ ва англисӣ (250-300 калима) пешниҳод карда мешавад ва бояд барои нашри алоҳида аз  мақола ҷоиз бошад. Аннотатсияҳои ахбори кӯтоҳ, шарҳҳо, ҳолатҳои аз таҷриба гирифташуда, ба ҷузъҳо тақсим намешаванд,  ҳаҷми онҳо бояд на камтар аз 150 калимаро ташкил намоянд. Аннотатсияҳо, калимаҳои калидӣ, маълумот доир ба муаллиф (муаллифон) ва рӯйхатҳои библиографиро ҳайати таҳририя ба пойгоҳҳои электронии иттилоотӣ барои индексатсия равон мекунад.
  8. Дар «Муқаддима» шарҳи кӯтоҳи адабиёт ба проблемаҳои баррасишаванда дахлдор оварда шуда, ба масъалаҳои баҳснок ва ҳалношуда таваҷҷӯҳ дода мешавад; мақсади пажӯҳиш баён ва асоснок карда мешавад. Истинодҳоро аз нашрҳои 10 соли охир додан лозим аст, сарчашмаҳои адабиёти дар мақола  истифодашуда бояд донишҳои муаллиф (муаллифон)-ро аз дастовардҳои илмӣ дар соҳаи мутобиқи тиб бошанд.
  9. Дар фасли «Мавод ва усулҳо» доир ба мавод ва усулҳои интихобшудаи таҳқиқот маълумоти муфассал овардан ва тавсиф намудани таҷҳизоти истифодашуда муҳим аст. Дар таҳқиқотҳои клиникие, ки   усулҳои муолиҷавӣ-ташхисӣ ба пртоседураҳои стандартӣ мутобиқат намекунанд, муаллифон бояд оиди он, ки кумитаи этикаи муассисае, ки дар он таҳқиқот иҷро карда шудааст, мутобиқи Декларатсияи охирини хелсинкии с. 1975 кафолат медиҳад ва пешниҳод менамояд. Дар мақолаҳо ҷой додани маълумоти конфиденсиалие (махфӣ), ки шахсияти патсиентро муайян карда метавонад (зикр кардани насаб, рақами таърихи бемории ӯ ва ғ.), манъ аст. Дар аксҳои рентгенӣ, ангиограммаҳо ва дигар ҳомилҳои иттилооти  дар мақола пешниҳодшуда насаби патсиент бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад; суратҳо низ  набояд ба аниқ кардани шахсияти ӯ имкон диҳанд. Муаллифон бояд патсиентро оиди нашри имконпазири маълумоти инъикоскунандаи  хусусиятҳои бемории ӯ ва усулҳои доиркардаи  ташхисӣ-муолиҷавӣ хабардор намоянд, инчунин ҳангоми ҷой кардани маълумоти мазкур дар нашрияҳои чопӣ ва электронӣ махфиятро кафолат диҳанд. Дар ҳолатҳои имконнопазирии махфӣ нигоҳ доштани шахсияти патсиент  (суратҳои ҷарроҳиҳои пластикӣ дар рӯй ва ғ.), муаллифон бояд розигии хатии маълумотии патсиентро ба паҳнкунии маълумот пешниҳод карда, онро дар мақола қайд намоянд (мисоли тартиб додани розигиро дар сомонаи маҷалла ниг.). Дар корҳои озмоишӣ бо истифодаи ҳайвоноти озмоишгоҳӣ ҳатман доир ба он, ки нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳайвоноти озмоишгоҳӣ ҳангоми гузарондани таҳқиқот ба қоидаҳои байналмилалӣ, миллӣ ё ба қоидаҳо оид ба  муносибати этикии  бо ҳайвоноти ҳамон  муассисае, ки дар он ҷо таҳқиқот гузаронда шудааст, мутобиқат мекард, маълумот дода мешавад. Дар охири  фасл тавсифи муфассали  усулҳои коркарди оморӣ ва таҳлили мавод оварда мешавад.
  10. Фасли «Натиҷаҳо» бояд ҳам мундариҷаи асосии таҳқиқот ва ҳам натиҷаҳои онҳоро бо назокат ва муфассал  инъикос намояд. Барои возеҳияти бештари маълумоти ҳосилшуда, инҳоро дар шакли ҷадвалҳо ва суратҳо пешниҳод кардан мувофиқи мақсад аст.
  11. Дар фасли «Баррасӣ» натиҷаҳои дар рафти  таҳқиқот ҳосилшуда, бояд аз ҷитҳати танқидӣ баррасӣ ва аз нуқтаи назари навоварии илмию муҳиммияти амалӣ таҳлил шуда, бо маълумотҳои аллакай маълуми дигар муаллифон муқоиса карда шаванд.
  12. Хулосаҳо бояд мухтасар ва дақиқ баён карда шаванд. Дар онҳо бояд ба саволҳои дар мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот гузошташуда ҷавобҳо ва натиҷаҳои асосии ҳосилшуда бо қайди навгонӣ ва муҳиммияти амалии онҳо инъикос ёбанд.
  13. Рамзҳо ва ихтисороти умумиқабулро истифода кардан мебояд. Ҳангоми дар матн зиёд истифода шудани ягон ибора, истифодаи он ба шакли аббревиатура ихтисор кардани он, ки нахуст дар қавс оварда мешавад, мумкин аст. Ихтисороти номро танҳо ҳолатҳои  истисноӣ истифода кардан мумкин аст. Тамоми бузургиҳои  физикӣ дар воҳидҳои Низоми байналмилалӣ (НБ) ифода меёбанд. Қайди  танҳо номҳои байналмилалии ғайрипатентии маводи доруӣ  мумкин аст.
  14. Рӯйхати адабиёти истифодашуда мутобиқи талаботи Vancouver style ( https://www.imperial.ac.uk/media/ imperial-college/administration-and-support-services/library/public/ vancouver.pdf) тартиб дода мешавад. Ихтисорот дар номи маҷаллаҳо мутобиқи Index Medicus оварда мешавад. Ҳатман ном, номи падар ва насаби тамоми муаллифон қайд карда мешавад. Ҳангоми зиёда аз 6 муаллиф будан, пас аз номбар шудани 6 муаллифи аввал [ва диг.] ё [et al.] гузошта мешавад. Рӯйхати  адабиётро дар транслитератсияи англисӣ низ (мисоли транслитератсияро дар сомонаи маҷалла ниг.) овардан лозим аст. Рақамгузории истинод бояд на ба тартиби алифбо, балки ба тартиби иқтибосоварӣ дар матн мутобиқат намояд. Рақамҳои тартибии  истинод дар қавсҳои квадратӣ (масалан: [1, 2], ё [1-4], ё [3, 5-8]) оварда мешаванд. Дар мақолаҳои аслӣ на камтар аз 15 ва на зиёда аз 30  сарчашма, дар шарҳҳои адабиёт – на зиёда аз 50 сарчашмаро иқтибос овардан мувофиқи мақсад (матлуб) аст. Ба фишурдаҳо, рисолаҳо, дастурҳои методӣ, вадастнависҳои дар нигоҳдорӣ қарордошта дар мақолаҳо истинод овардан иҷозат дода намешаванд. Истинод ба тезисҳо ва мақолаҳо дар маҷмӯаҳои илмӣ ҳангоми  зарурати сахт истифода кардан мумкин аст. Дар мақолаҳое, ки зарурати зикри ҳуҷҷатҳо вуҷуд дорад, зери матн истинод оварда мешавад ва ба рӯйхати адабиёт дохил карда намешавад. Масъулияти дурустӣ ва комилии ҳамаи истинодҳо, инчунин дақиқии иқтибосоварии  нахустсарчашмаҳо ба зиммаи муаллифон аст (мисоли  тартиб додани  рӯйхати библиографиро  дар сомонаи маҷалла ниг.).
  15. Риояи имлои дар маҷалла қабулшуда, аз ҷумла, ифодаи ҳарфи «ё» дар калимаҳои мутобиқ ҳатмӣ мебошад.
  16. Ҷадвалҳо бояд ба матни мақола бевосита пас аз зикр шудани онҳо ҷойгир карда шуда, рақам, ном ва ҳангоми зарурият – эзоҳҳои поварақ дошта бошанд ва  дар формати Microsoft Office Word 2007 тартиб дода шаванд.
  17. Маводи тасвирӣ (суратҳо, расмҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо)  бояд   равшану возеҳ бошанд ва мутобиқи тартиби иқтибосоварӣ дар матн шуморабандӣ карда шаванд. Диаграммаҳоро  ҳам дар намуди расм дар матн ва ҳам дар нусхаи электронӣ, бо файлҳои алоҳида дар формати Microsoft Office Excel пешниҳод кардан лозим аст. Дар имзоҳо ба микрофотографияҳо бояд усули рангкунӣ ва афзоиш қайд карда шавад. Нусхаҳои электронии тасвирҳо бояд дар намуди   файлҳои алоҳида дар формати TIFF ё JPEG бо иҷозати на камтар аз 300 dpi ҳангоми андозаи хатии сурат на камтар аз 80×80 мм (тақрибан 1000×1000 пиксел) пешниҳод карда шаванд.

Фиристодани дастнавис

  1. Ба нашриёт ду нусхаи дастнавис фиристода мешавад. Фиристодани матни мақола, маводи графикӣ ва маводи ҳамроҳикунанда ба суроғаи электронии маҷалла avicenna@tajmedun.tj ҳатмӣ мебошад.
  2.  Маколаро нашриёт ҳангоми мавҷудияти роҳхати муассиса ва бо иҷозати роҳбар қабул мекунад (ба тарҳи роҳхат дар вебсайти маҷалла нигаред).
  3. Ҳангоми ба нашриёт фиристодани  дастнависи мақола ба вай мактуби ҳамроҳикунандаи муаллифон ҳамроҳ карда мешавад, ки дар он бояд лаҳзаҳои зерин инъикос ёбанд 
  4. (мисоли  тартиб додани  мактуби ҳамроҳикунандаро дар сомонаи маҷалла ниг.)
  • Ном, номи падар ва насаби  муаллифонноми мақола
  • маълумот оиди он, ки  мақола пеш аз ин чоп, инчунин барои баррасӣ ва нашр ба дигар маҷалла пешниҳод нашудааст
  • уҳдадории муаллифон, ки дар ҳолати қабули мақола барои нашр  онҳо ба ношир ҳуқуқи муаллифиро пешниҳод мекунанд
  • маълумот доир ба мавҷуд набудани манфиатҳои молиявӣ ва дигар манфиатҳои ихтилофӣ
  • маълумот оиди тасдиқи он, ки муаллифон аз ширкатҳои истеҳсолкунанда, аз ҷумла рақибоне, ки метавонанд ба натиҷаҳои таҳқиқот таъсир расонанд, ягон хел подош (музд) дар ягон гуна шакл нагирифтаанд
  • маълумот доир ба иштироки муаллифон дар тартиб додани  мақола
  • имзои тамоми муаллифон
  • 4. Дастнависҳоеро, ки ба қоидаҳо мутобиқат намекунанд, нашриёт қабул намекунад ва оиди он муаллифонро хабардор мекунад. Мукотиба бо муаллифон танҳо тавассути почтаи электронӣ амалӣ карда мешавад.

    Тартиби  тақриздиҳӣ ва нашр

    1. Нахустсанҷиши дастнависҳоро муҳаррири масъули маҷалла амалӣ мекунад. Дар ин ҳол ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунанда баррасӣ шуда, мутобиқати мақолаи илмӣ ба соҳаи маҷалла, қоидаҳои тартиб додан ва талаботи муқарраршудаи нашриёти маҷалла баҳодиҳӣ карда мешавад, ки бо онҳо дар сомонаи расмӣ (www. vestnik-avicenna.tj,) шинос шудан мумкин аст. Дар ҳолати мутобиқати ҳуҷҷатҳои мазкур ба талаботи муқарраршуда, мақолаҳо аз тафтиши системаи  «Антиплагиат» ё дигар системаҳои мушобеҳи ҷустуҷӯӣ мегузаранд. Ҳангоми ошкоршавии плагиат (асардуздӣ) ё тарзҳои техникии пинҳонкунии он, мақолаҳо ба муаллифон баргардонда шуда, сабаби он ба муаллиф шарҳ дода мешавад. Дар сурати плагиат дар мақолаи аллакай нашршуда ошкор шудан, дар саҳифаҳои сомонаи  «Вестник Авиценны» маълумоти мутобиқ дода мешавад. Мақолаҳои барои баррасӣ қабулшударо мутахассис (коршиносо)-они мустақил барои тақризнависӣ равон мекунанд. Муқарризонро ҳайати таҳририяи маҷалла таъйин мекунад. Нашриёт тақризҳоро ба муаллифони дастнависҳо дар шакли электронӣ ё хаттӣ бе қайди насаби мутахассисе, ки тақризро гузарондааст, раовн мекунад. Дар ҳолати мавҷуд будани низои касбии манфиатҳо, дар мактуби ҳамроҳикунанда муаллифон ҳуқуқ доранд, ки номи мутахассисонеро, ки ба андешаи онҳо дастнависро ба тақриз равон кардан нашояд, қайд намоянд. Ин маълумот қатъиян махфӣ мебошад ва ҳангоми тақризнависӣ ба назар гирифта мешавад. Дар мавриди радшавии нашри мақола нашриёт ба муаллиф  радшавии асоснок равон мекунад. Аз рӯи дархостҳои шӯроҳои коршиносон нашриёт тайёр аст нусхаҳои тақризҳоро ба КОА пешниҳод намояд.
    2. Нашриёт ҳуқуқ дорад маводи нашршавандаро  итхтисор карда,  онҳоро ба рубрикаҳои маҷалла мутобиқ гардонад. Нусхаи охирини мақолаи ба чоп дар формати PDF тайёршуда ба муаллифон  барои тасвиб (маъқул донистан) тавассути почтаи электронӣ равон карда мешавад. Тасҳеҳҳо ва тасдиқи муаллиф ба нашриёт  бояд муддати 5 ворид шаванд. Бо мурури 5 рӯз, матн аз тарафи   муаллифон мувофиқ донисташуда ҳисоб меёбадад.
    3. Ҳамаи корҳои пешниҳодшуда, ҳангоми мутобиқати онҳо ба талаботи мазкур, дар маҷалла бепул (ройгон) чоп мешаванд. Нашрҳои таблиғотӣ, инчунин мақолаҳое, ки ширкатҳои истеҳсолкунанда ё дистрибютерҳои онҳо маблағгузорӣ мекунанд,  барои баррасӣ қабул карда намешаванд.
    4. Пас аз нашр шудани мақола, нусхаи электронии он дар формати PDF ба муаллифон равон карда мешавад.
    5. Дар як шумораи маҷалла на зиёда аз 2 кори як муаллиф нашр шуда метавонад.
    6. Мақолаҳои дар дигар нашрияҳо чопшуда қабул карда намешаванд.
    7. Барои дурустии маълумоти овардашуда  масъул мебошанд.  Нуқтаи  назари ҳайати таҳририяро инъикос кардани маводи муаллифон ҳатмӣ нест.