Диданд: 1056
Цели и задачи
«Паёми Сино» (Vestnik Avitsenny; Avicenna Bulletin) маҷаллаи тақризшавандаи дастрасии кушодаи платинӣ буда, дар он масъалаҳои афзалиятноки тибби амалӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон инъикос меёбанд.
Мақсади маҷалла интишори мақолаҳои аслӣ, шарҳи адабиёт, ҳолатҳои клиникӣ, мактубҳо ва тавсияҳо, ки мутобиқи стандартҳои тибби далелноки илмӣ, инчунин этикаи тадқиқотӣ ва нашриявӣ таҳия шудаанд, ба ҳисоб меравад.
Маҷалла барои баррасӣ дастнависҳоеро, ки барои татбиқи равишҳои навоварона дар соҳаҳои гуногуни тиб аҳамияти амалӣ доранд, дар навбати аввал қабул мекунад.
Таваҷҷӯҳи хоса ба нашри мақолаҳое, ки ба густариши ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ дар асоси анъанаҳои чандинасраи тиббии минтақа ва дурнамои ҷорӣ намудани усулҳои илмӣ-далелӣ мусоидат мекунанд, зоҳир карда мешавад.