Диданд: 3465

Маҷаллаи илмӣ-тиббии тақризшавандаи «Вестник Авиценны» («Паёми Сино») мақолаҳоро танҳо пас аз баҳои мусбати тақриз нашр мекунад. Маҷалла мақоларо нашр карда, ба ин васила майдони илмии мубодилаи донишҳо ва баррасии онҳоро дар соҳаи илмҳои биологиву тиббӣ ба вуҷуд меорад. Суиистифода намудан, ҳам аз тарафи ҳайати таҳририяи маҷалла ва ҳам аз тарафи муаллифон садди роҳи инкишофи донишҳои биологиву тиббӣ мегардад. Барои ҳамин ҳам, ба чунин суиистифодакуниҳо бояд ки аз тарафи муаллифон, муқарризон ва ҳайати таҳририяи роҳ дода нашавад. Дар робита аз ин, идораи маҷаллаи «Вестник Авиценны» («Паёми Сино») низомномаи мазкури сиёсат ва этикаи маҷалларо таҳия кард.

Низомномаи мазкур дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳерин таҳия шудааст:

  1. Кодекси рафтор ва тавсияҳои таҷрибаҳои пешқадам барои муҳаррирон (Code of Conduct and Best Practice Guidelines for Editors)
  2. Кодекси рафтор барои ноширони маҷаллаҳо (Code of Conduct for Journal Publisher)
  3. Тавсияҳо оид ба пешбурд, ҳисоботҳо,таҳрир ва нашри таҳқиқоти илмӣ дар маҷаллаҳои тиббӣ (Recommendations for the Conduct, Reporting, Editing, and Publication of Scholarly Work in Medical Journals).
  1. Муайян кардани нақши муаллифон ва дигар иштирокчиёни таҳқиқоти илмӣ.

    Муаллифӣ эътирофро таъмин намуда, оқибатҳои муҳими академикӣ, иҷтимоӣ ва молиявиро фаро мегирад.

    Меъёрҳои муаллифӣ:

    1. Саҳми арзанда дар коркарди консепсия ва ё ба нақшагирии таҳқиқоти илмӣ, ё ҳосил кардан, таҳлил ва шарҳу тафсири натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур.
    2. Тартиб додани сиёҳнависи дастхат ё таҷдиди назари интиқодӣ бо ворид намудани муҳтавои боарзиши интеллектуалӣ.
    3. Тасдиқи ниҳоии варианти нашршавандаи дастхат.
    4. Розӣ будан барои масъулияти ҳамаи ҷанбаҳои таҳқиқот ва кафолати онро, ки ҳамаи масъалаҳои ба дақиқӣ ва бовиҷдононаи ҳар як қисми таҳқиқот вобаста мумкин аст, ки таҳқиқ ва танзим карда шаванд, ба души худ гирифтан.
    Ҳамаи иштирокчиёни мақолаи илмӣ, муаллифони нишондодашуда, бояд ба 4 меъёри зикршуда мувофиқ бошанд. Муаллифоне, дастхати илмиро пешниҳод мекунанд, барои мувофиқат намудани ҳамаи иштирокчиёни мақола ба меъёрҳои муаллифӣ масъулияти умумии коллективиро ба уҳда мегиранд. Вобаста аз ин, ҳамроҳ бо дастхат ба идора пешниҳод намудани иттилоот дар хусуси саҳми шахсони алоҳида дар таълифи мақола зарур аст.
    Аз ҷумлаи муаллифон шахсеро барои тамос интихоб мекунанд, ки вай масъули муошират бо ҳайати таҳририяи маҷалларо дар тамоми протсесс – аз лаҳзаи мақоларо супоридан то дар маҷалла нашр шуданаш ба уҳда мегирад. Ин шахс уҳдадор аст, ки талаботи техникии маҷалла, аз ҷумла маълумот дар бораи муаллифон, ҳуҷҷат оид ба кумитаи этикӣ ва ариза дар бораи мухолифати манфиатҳо таъмин намояд.
    Саҳми дигар, ки имконият намедиҳад барои муаллиф шудан даъво кунад, ҷустуҷӯйи маблағгузорӣ, дастгирии административӣ ё идораи гурӯҳи таҳқиқотӣ, ҳуруфчинии техникии матн, тасҳеҳ, таҳрири техникӣ ва забонӣ аст.
  2. Мухолифати манфиатҳо

    Ҳамаи иштирокчиёни протсесси муқарризӣ ва нашр, аз ҷумла муаллифон, муқарризон, аъзои ҳайати таҳририя, шӯрои таҳририя бояд мухолифати манфиатҳои худро ба назар бигиранд ва ҳамаи робитаҳои худро бикушоянд, ки онҳо ҳамчун сарчашмаи потенсиалии мухолифати манфиатҳо арзёбӣ мешаванд.

    1. Муаллифон бояд, ки ҳамаи иртиботҳои молиявӣ ва шахсии худро, ки ба натиҷаи кори онҳо таъсир расонида метавонанд, ошкор созанд.
    2. Муқарризон уҳдадоранд, ки ба муҳаррирон дар хусуси ҳама гуна мухолифати манфиатҳо, ки ба нуқтаи назари онҳо дар бораи мақола таъсир расонида метавонанд, хабар диҳанд ва онҳо бояд мустақилона аз муқарризӣ даст кашанд, агар онҳо дар мухолифати манфиатҳо ғалатфаҳмиро бинанд.
    3. Муҳаррирон, аъзои ҳайати таҳририя, аъзои шӯрои таҳририя бояд, ки аз қабул кардани қарор даст кашанд ва аз хусуси мухолифати манфиатҳо ва дигар манфиатҳои молиявӣ ба сармуҳаррир ва дигар ҳамкорон иттилоъ диҳанд.
    Муҳаррирон, аъзои ҳайати таҳририя, аъзои шӯрои таҳририя набояд маълумотҳои аз дастхат гирифтаашонро то нашр шудани мақола ба манфиати худ истифода кунанд.
    Иттилоот дар бораи мухолифати манфиатҳо бояд ин нуқтаҳоро дошта бошад:
    • мухолифати манфиатҳо дар муаллифон;
    • сарчашмаҳои дастгирӣ кардани ин мақола, аз ҷумла сарпарастон, агар онҳо бошанд – нақши онҳо дар коркарди нақшаи таҳқиқот, ҷамъоварӣ, таҳлил ва тафсири маълумотҳо ё ариза дар хусуси он, ки сарчашмаи дастгирикунанда чунин саҳм надошт;
    • дастрасии муаллифон ба маълумотҳои таҳқиқот, ҳаҷми дастрасӣ ва хусусияти он; мавҷуд будани дастрасӣ ба он.
    Барои огоҳонидан муаллифон уҳдадоранд, ки бо дастнавис шакли ягонаи ошкорсозии иттилоот дар бораи мухолифати манфиатҳоро, ки аз тарафи Кумитаи байналмиллалии муҳаррирони маҷаллаҳои тиббӣ (ICMJE) тасдиқ шудааст, пешниҳод намоянд.
  3. Уҳдадориҳо ҳангоми пешниҳод кардани дастнавис ва навиштани тақриз

    1. Муаллифон уҳдадоранд, ки меъёрҳои муаллифиро риоя кунанд ва дар бораи мухолифати манфиатҳо ариза пешниҳод намяонд.
    2. Маҷаллаҳо:
      • Махфият. Дастхати ба маҷалла пешниҳодшуда дорои статуси риояи ҳуқуқҳои интеллектуалӣ ва молиявии муаллиф мебошад. Барои ҳамин ҳам, то нашр шудани мақола, ошкор кардан ва бо одамони бегона баррасӣ намудани ягон қисми он манъ мебошад. Дастнависҳо бояд дар идораи маҷалла махфӣ нигоҳ дошта шаванд. Муқарризон низ бояд нисбат ба дастнависи мақола принсипи махфиятро риоя намоянд, бо ягон кас дар ин хусус баҳс накунанд ва онро фош насозанд. Пас аз тақриз навиштан тамоми маводи муаллифӣ бояд баргардонида ва ё нобуд карда шавад. Дар ҳолати барои нашр қабул кардани дастнавис, ҳамаи маводи ба ин мақола дахлдор (тақриз, ислоҳ, мукотиба бо муаллиф) бояд дар бойгонии маҷалла нигоҳ дошта шавад. Махфиятро бекор кардан мумкин аст, агар далелҳои плагиат, фиребгарӣ ва ноҳақии муаллифон тасдиқ карда шавад.
      • Саривақтӣ. Муҳаррирон бояд, ки корро чунин ташкил кунанд, ки мақола ҳарчӣ барвақттар нашр гардад. Агар мақола рад карда шавад, ба муаллиф зуд ҷавоб гардонидан лозим мебошад, то ин ки онҳо барои нашр ҷойи дигарро интихоб кунанд.
      • Тақриз – ин баҳои танқидӣ барои нашри мақолаи пешниҳодшуда. Муқарриз ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми навиштани тақриз маводи авалияи таҳкиқотро (протоколи таҳкиқот, картаҳо, нақшаи гузаронидани таҳлили оморӣ ва ғайра талаб кунад). Мақсади асосӣ – беҳтар кардани сифати дастхат. Муҳаррир муқарризро интихоб мекунад, аммо новобаста аз тақризи мусбат ва ё манфии муқарриз қарори нашри мақоларо сармуҳаррир мебарорад. Муқарриз бояд аз қарори идораи маҷалла дар хусуси нашри мақола огоҳ карда шавад.
      • Бовиҷдонӣ. Идораи маҷалла новобаста аз натиҷаҳои мусбат ва ё манфии таҳкиқот мақоларо қабул мекунад. Натиҷаҳои манфии таҳкиқот дар якҷоягӣ бо таҳқиқотҳои дигар ҳангоми мета-анализ метавонад, ки барои ҷавоб гирифтан ба саволҳои муҳим мусоидат намояд.
    3. Муқарризон ҳуқуқ надоранд, ки то нашр шудани мақола маводи тақризшавандаро фош ва ғояҳои муаллифро расман баррасӣ кунанд. Агар муқарриз барои навиштани тақриз ба мақола розӣ шавад, вай бояд тақризро дар муҳлати муайяншуда пешниҳод кунад. Шарҳу тафсир бояд ҳаққонӣ, боодобона ва конструктивӣ бошад. Пас аз тақризро навиштан маводи муаллиф бояд ба идораи маҷалла баргардонида ва ё нобуд (ҳамаи нусхаҳо нест карда шавад) карда шавад. Муқарризон уҳдадоранд, ки аз мухолифати манфиатҳои худ хабар диҳанд ва ҳангоми пайдо шудани чунин ҳол аз тақризнависӣ даст кашанд.
  4. Талаботи этикӣ

    Муаллифон уҳдадоранд, ки аз тарафи кумитаи этика гузаронидани протседураи арзёбии протоколи таҳқиқотро зикр кунанд, дар сурати набудани он – оё мақола ба талаботи декларатсияи Хелсинки соли 1964 мувофиқат мекунад (бо тағйироти охирин, ки соли 2013 моҳи октябр Форталеза, Бразилия) ворид карда шудаанд. Беморон ҳуқуқ доранд, ки иттилооти шахсии ба онҳо дахлдорро ҳимоя кунанд ва бе розигии онҳо ошкор карданашон мумкин нест. Дар ҳолати мувофиқа кардан, розигии хаттии онҳо бояд пешниҳод карда шавад.

  5. Амалияи илмии бевиҷдонона

    Амалияи илмии бевиҷдонона аз фабрикатсияи маълумотҳо, маълумотҳои қалбакӣ, аз ҷумла манипулятсияҳои бардурӯғ бо тасвирҳо, плагиат иборат аст. Дар ҳолати исбот шудани амалияи илмии бевиҷдонона дастнависи мақола рад карда мешавад, агар мақола аллакай нашр шуда бошад, вайро бозхост (ретраксия) мекунанд ва аз ин хусус дар шумораи навбатии маҷалла ишора мекунанд.

  6. Нашрҳои такроршаванда

    1. Зиёд ба ҳар тараф фиристодани дастхат. Муаллифон ҳуқуқ надоранд, ки ҳамон як дастнависро бо як забон ва ё забонҳои гуногун ҳамзамон ба якчанд маҷалла фиристанд.
    2. Нашрҳои зиёд – ин нашри дастнавис, ки такрори мақолаи қаблан нашршуда мебошад ва ба мақолаи қаблан нашршуда ишора карда нашудааст. Агар дар давраи таҳрир ҳолати зиёд нашршавӣ ошкор карда шавад, дастнавис рад карда мешавад. Агар мақоларо маҷалла нашр карда бошад, мақола бозхост карда мешавад ва дар хусуси бозхост шудани он дар шумораи навбатии маҷалла иттилоъ дода ва муаллиф огоҳ карда мешавад.
  7. Омода ва пешниҳоди дастнависҳо